Маро номардии мардон,диламро беҳузур карда, Ғуруру кибри номардон,диламро беҳузур карда. Ду гӯшамро ба каф гирам,зи ҳарфи кӯча дилгирам, Суханпардозии нодон,диламро беҳузур карда. Ҷавонмардӣ шуд афсона,сахо дар сандуқи хона, Маро ин даври бе эҳсон,диламро беҳузур карда. Ҳадиси дил ба кӣ гӯям,сухансанҷ аз куҷо ҷӯям, Каломи ҳарзаи ёрон,диламро беҳузур карда. Ҳама дилбастаи ришва,нашуд бе ришва як ишва, Саломи ин "умедворон",диламро беҳузур карда. Нигар ахбори дунёро, мусалмону насороро,