Эй ашк охиста бирез, ки гам зиёдаст.
Эй шамъ охиста бисуз, ки шаб дароз аст.
Имруз касе махрами асрори касе нест,
Мо тачриба кардем касе ёре касе нест.
Хар марди шутурдор. Увайси Карани нест.
Хар шишаи гулранг акики Ямани нест.
Хар сангу гиле гавхари ноёб нагардад.
Хар Ахмаду Махмуд расули мадани нест.
Бар мурдадилон панд мадех, хеш маёзор.
Зеро ки Абу-чахл мусалмон шудани нест.
Бо марди Худо панча маяфкан чу намруд.
Ин чисми халил аст. Ки оташ задани нест.
Хушнуд машав, душман агар кард мухаббат.
Хандидани Чаллод зи ширинсухани нест.
Чое ки бародар ба бародар накунад рахм,
Бегона барои ту бародар шудани нест,
Сад бор агар доя ба тифли ту дихад шир,
Гофил машав эй дуст, ки модар шудани нест