Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,
Чун гул ба чаман ҳавола будӣ.
Ва акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,
Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.
Ғофил манишин на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист.
Дониш талабу бузурги омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Чун шер ба худ сипаҳшикан бош,
Фарзанди хисоли хештан бош.
Макӯш ба ҳар варақ, ки хонӣ,
Ки он донишро тамом донӣ.