Модар, ту давои дарди ҷонам боши, Модар, ту замину осмонам боши. Аз ҳар нафасат қасри дилам қад бикашад, Модар ту ҳакими хонадонам боши. Ёди ту кунам, ёди ҷаҳонам ояд, Аз дасту дуои ту дилам осояд, Ҳар ҷо ки равам, дуои некам бидиҳи, Дунёи ту дунёи маро орояд. *** Модар •••