Офтоба ба ҳоҷатхонаҳо бе обай,
Соат даҳ шидай, келини хона хобай!
Кулӯха писанд намекунад бандаи Ҳақ,
Ташнобкоғази қиммат ба ҷои обай!
Чӣ давру замон шидай, ки "гаршок" лозим,
"Памперс" барои ҳар "чақалоқ" лозим!?
Бе ҳамин сабилиҳо ҳаёт дошт вуҷуд,
Занҳо Худотарс буданду дар зикру суҷуд.
Хонавайронӣ ками дар кам рух медод,
Мардҳо дурӣ меҷӯстанд ай зани ҷуҳуд.
Бобову бибии мо надиданд "диван"- а,
Ғуломӣ накардан ба Маша-ву Иван -а,
Як куртаи хонапӯши доштанд ба бар,
Як либоси маъракаравӣ баҳри тана.
Лекин ба ҷаноза мерасиданд сари вақт,
Суроғ мерафтанд хеши дура ҳар вақт.
Ҳозир бошад чӣ давру замонай, хоҳар?
Ҷевон пури куртаҳай ва ай рӯймоли сар.
Мошинҳои хориҷӣ ба ҳавлиҳо қатор,
Лекин о