Аввалин чизе, ки бар бандагон воҷиб аст, чй
бошад?
Чавоб:
Аввалин чизе, ки бар бандагон воҷиб аст, донистани он аст, ки Худой эшонро аз баҳри чӣ офарид ва аз эшон барои чи паймон гирифт. Ҷиҳати раҳнамои ба онон расулоне фиристод ва китобҳое нозил кард; Осмонҳо ва замин, дунё ва охират, биҳишту дӯзахро барои он офарид. Тарозуи аъмол гузошта шавад ва номаҳои бандагон дода шаванд. Шаковат ва саъодат маълум гардад ва нурҳо бар тибқи он тақсим гардад. Касе, ки Худой барояш нуре надод, барои ӯ ҳеҷ нуре
набошад (Сураи Нур: 40).