Маро танҳо бимондӣ, модари ҷон,
Гузаштӣ аз ҷаҳон қалбат
пурармон. Надидӣ соати некии
дунё, Намудӣ сарф умри худ ба
моён. Намедонам чаро ҳар лаҳза,
модар, Маро танҳо бувад ёди ту
бар сар. Ҳамеша пеши рўям
менамоӣ, Ба ҷуз фикрат надорам
кори дигар. Ғами худро намехўрдӣ
ту ҳеҷ гоҳ, Ба дарди дигарон будӣ
ту ҳамроҳ. Азобу ранҷи худ бар кас
нагуфтӣ, Ҳамеша такя мекардӣ ба
Оллоҳ. Чи сон қадри туро модар
надонам, Ба сад уммед кардӣ
хонадорам, Надида роҳат аз дунё
гузаштӣ, Кунун ман дар фироқат
нола дорам. Нишаста кунҷи маҳбас
ман пурармон, Ба ёди ту бирезам
ашки сўзон. Дуо гўям, ки руҳат шод
бошад, Ба ҷаннат ҷой бошӣ,
модари ҷон.