Аз ин ҷахони бебақо хоҳи нахоҳи, мерави, Аз байни хешу ақрабо хоҳи нахоҳи, мерави! Суде надорад симу зар, аз рохи шайтон кун хазар, Шахзода боши хам гадо, хохи нахохи, мерави! Мағрур мабош аз давлатат, суде надорад савлатат, Рузе ки ояд навбатат, хоҳи нахоҳи, мерави! Ҳаргиз набоши кинагир, дасти ятимонро бигир, Барнодили, ё инки пир, хоҳи нахоҳи, мерави! Дунёст чун дарё равон, монанди он соҳибдилон, Аз ин замин аз ин макон, хоҳи нахоҳи, мерави! Хайру саховат пеша кун, аз роҳи бад андеша кун, Неки бимонад ҷовидон, хоҳи нахоҳи, мерави! Ин панди мавлоно шунав, аз пушти ризқ ҳаргиз мадав, Бою бадавлат ё гадо, хохи нахоҳи, мерави!!! Саъди Шерозӣ...