Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 72
Аммо дар Тоҷикистон то ба ҳол аз хисороти ин зилзила иттилои дақиқ ба даст нарасидааст, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасовире мунташир шудааст, ки аз кафидани девори хонаҳо дарак медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, пизишкони бемористони "Ёрии таъҷилӣ", маъруф бо номи "Скорый", дар Душанбе мегӯянд, баъд аз заминларзаи шадиди 26 октябр ҳудуди 60 нафар ба онҳо телефонӣ муроҷиат карда, кумак хостаанд.
Дилбарниссо Мирзоева, корманди "Ёрии таъҷилӣ" ба Радиои Озодӣ гуфт, "асосан аз тарс фишори бархе аз сокинон поин рафта, беҳуш шудаанд. Барои ҳамин, ба мо муроҷиат карданд ва кормандони мо ба назди онҳо рафта, ёрӣ расонданд. Ҳамагӣ ҳафт нафарро ба "Ёрии таъҷилӣ" оварданд ва онҳо низ баъди дарёфти кумак ба хонаҳояшон баргаштанд. Ҳеч кас нафавтидааст. Аксари муроҷиатнамудаҳо занон буданд.”
http://ok.ru/grafo.khasimov/pphotos/811847519283