"Агар илм дар Сурайё бошад ҳароина мардоне аз инҳо онро ба даст оваранд". Ин ҳадиси паёмбари Ислом Муҳаммади Мустафо (с) ҳаст ва онро дар ҳоле гуфт, ки дасташ болои шонаи САЛМОНИ ФОРСӢ буд. Дурустии сухани Паёмбари Худоро дар хидмати Ислом камар бастани мардоне аз Форс дар мисоли Имом Бухорӣ, Имом Муслим, Имом Насоӣ, Имом Тирмизӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Ҷамолиддини Афғонӣ ва дигар ситораҳои дурахшону раҳнамои осмони маорифи исломӣ ба исбот расондаву ҳама муъминон бузургии ононро қоиланд. Ӯ тарроҳи аслии ҷанги Хандақ буд. Дар охири умри худ волии Мадоин шуд. Ба қавле Салмон дар соли 35-уми ҳиҷрӣ, дар авохири хилофати Усмон даргузашту ҳазрати Алӣ пайкарашро ғусл дод, кафан кард ва бар ӯ намоз