๑ ♥ Паёмбар (с) кӯдаконро дӯст медошт, бо онҳо бо ахлоқи накӯ рафтор мекарданд, бо онҳо шӯхиву бозӣ мекарданд. Дасти муҳаббат ва раҳматашро бар сари онҳо мекашид (сила менамуд). Наберааш Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолибро бар шонаҳои муборакаш қарор медод ва бо ӯ шӯхӣ мекард, сипас дар оғӯш гирифта, ӯро мебӯсид ва ба даргоҳи Парвардигор дуо мекард: «Парвардигоро дӯсташ бидор ҳамоно ман низ дӯсташ дорам.» Паёмбар (с) аз фарқ гузоштани миёни кӯдакон боз дошта, фармуданд: «Аз Худо битарсед ва дар миёни фарзандонатон адолатро барқарор кунед.» Аз Анас (р) ривоят аст, ки марде назди паёмбар (с) буд, ки дар ин ҳангом писараш назди онҳо омад. Мард писарашро бӯсид ва бар ҷояш нишонд, замоне, ки духтараш