Қaдри Модар аз ятим пурсидаанд, Гуфт:Напурсед,ки ҷаҳонам рафтааст. Хонаам холӣ фазояш пурғубор, Нури ҳарду дидагонам рафтааст. Бе ў завқе нест маро бар ҳастиҳо, Чунки рўҳу ҷисму ҷонам рафтааст. Шодиям олўдаи ғам гашту ранҷ, Хандаро шаҳд аз лабонам рафтааст. Мезанам худро ба кунҷи ҳар даре, Лек намеёбам, маконам рафааст. Васфи ў дар шеър мегўям кунун, Мисра пурғам ҳам равонам рафтааст. Аз ман умед ту маҷў дар зиндагӣ, Хастаам он меҳрабонам рафтааст.(М)