Қомати наврастаатро бенамозӣ хам кунад, Ризки Аллох додаатро бенамозӣ кам кунад. Ин ҳама сармояи умри ту бошад, эй азиз, Умри ҳафтодсолаатро бенамозӣ кам кунад. Ту машав гофил зи ин ганчинаи ноёфтанӣ, Ки намозу руза ҳар як бандаро одам кунад. Боҳазар бош аз азобу қисмату тақдири хеш, К–ин нишони бенамози, бандаро сархам кунад. Бош коим вакти фарзаш,то шави бе дарду ғам, Бенамози, бехудои, бандаро пурғам кунад