Падаре бо писаре гуфт ба кахр, Ки ту одам нашави чони падар! Хайфи он умр,ки ай бесару по, Дар рахи тарбиятат кардам сарф. Дили фарзанд аз ин харф шикаст, Бехабар аз падараш кард сафар. Ранч бисёр кашиду пас аз он, Зиндаги гашт ба комаш чу шакар. Окибат шухрату волои ёфт, Хокими шахр шуду, сохибзар. Чанд рузе бигузашту пас аз он, Амр фармуд ба эхзори падар! Падараш омада аз рохи дароз, Назди хоким шуду, бишнохт писар. Писар аз гояти худхохиву кибр, Назар афканд ба саропои падар. Гуфт:гуфти ки ту одам нашавй, Ту кунун хашмату чохам бинигар. Пир хандиду сараш дод такон, Гуфт ин нукта, бурун шуд аз дар. Ман нагуфтам,ки ту хоким нашавй, Гуфтам одам нашави, чони падар!