Киштии пурбори дил аз паҳнаи дарё гузашт, Хун гирӣ, эй Тоҷикистон, шоир аз дунё гузашт. Ҷор зад аз минбари дунё барои адлу дод, Маркази дилҳо биҷуст, аз маркази дилҳо гузашт. Ҳар суруде дошт, бо номи Ватан оғоз кард, Ҳар куҷое рафт, бо боли Ватан парвоз кард!