Вақте мо мемирем, моро ба исм садо намекунанд ва дар бораи мо мегӯянд: ҷасад куҷост? Ва баъд аз ғусл додан мегӯянд : ҷаноза куҷост? Ва баъд аз хоксупорӣ мегӯянд: қабри майит куҷост? Ҳама лақабҳо ва мансабҳое , ки дар дунё доштем, баъд аз марг фаромӯш мешавад мудир, муҳандис, роҳбар, директор, фармондеҳ, масъул, доктар, бозрас . . . Пас фурӯтану мутавозеъ бошем . . . на мағруру мутакаббир! Орифе гуфт: Он чи аз сар гузашт; шуд саргузашт! Ҳайф бедиққат гузашт; аммо гузашт! То кай хостем як "ду рӯзе" фикр кунем! Бар дари хона навиштанд даргузашт!