Нахандам то набинам чеҳраи хандони модарро,
Бимирам гар бубинам дидаи гирёни модарро.
Худоё, дарду ранҷу ғам чаро бар ӯ раводиди,
Надорам тоқати бишнидани афғони модарро.
Муноҷотам Малики Ҳақ, чу раҳмею давоекун,
Ки то бинам ба чашми худ, ҳама дармонимодарро.
Нагаштам сер зи оғуши биҳишти рӯи дунёи,
Шавад оси касе зад пеши пояш нони модарро.
Умеди модари пирам фақат як буда бешенест,
Худоё, бишкан охир дар дилаш армони модарро