_-_-_-Модар_-_-_
Модар фаришта буд, вале болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар аммо хабар надошт.
Ё дошт огахи зи пару боли хеш, лек
Майли чудо шудан зи ману аз падар надошт.
Дар кудаки ба модари худ хостам барам
Як хадя, лек чайби ман он лахза зар надошт
Зар ёфтам ба гохи чавонию он замон
Чуз ишки ёр сина хавои дигар надошт.
Вакте ба фикри хадя фитодам, ки модарам
Руи лабаш ба гайри "видоъ, эй писар" надошт.
Модар фаришта буд, пари худ кушоду рафт,
Азбас илоч пеши казову кадар надошт.
Модар фаришта буд, дакикан фаришта буд,
Хатто ба душ болу паре хам агар надошт.
став 👍❤️