Гунҷишк ба Худо гуфт : - Лонаи
кучаке доштам оромгоҳу хастагиям,
сарпаноҳи бекасиям буд, ки туфони ту онро аз ман
гирифт. Он лонаи кӯчаки ман куҷои дунёи туро
танг кардаю гирифта буд? Худованд гуфт : - Дар
вакти ту хоб буданад море ба лонаи ту даромад.
Бодро гуфтам, ки лонаатро вожгун кунад . Он гоҳ
ту аз камини мор гурехти . Чи балоҳое, ки ман ба
воситаи муҳаббатам аз ту дур кардам, ту боши
надониста, ба душманиам бархости. Эй дӯст!!! Пас
бидон, ки ҳар як нохушие ба сарат меояд, сабр кун
ва ё хушие ба ту мерасад шукр кун чун, ки ҳар яке
сабабе дорад!