Привет,
Чист Куръон? Гуфтаи Парвардигор,
Муъчизи Пайгамбари волотабор.
Чист Куръон, замзами чушони ишк,
Рамзи хасти, рози хилкат, чони ишк.
Чист Куръон, офтоби зиндаги,
Дафтари андешаи пояндаги.
Чист Куръон, машъали рохи начот,
Чист Куръон, чашмаи оби хаёт.
Рахнамои муттакин аст ин китоб,
Муниси ахли якин аст ин китоб.
Ин китоб аз рости дам мезанад,
Бонги хакчуйи дар олам мезанад.
Менамояд рохи хайр аз рохи шарр,
Чун бувад равшангари рохи башар.
Синахоро пур зи имон мекунад,
Гавхари дилро дурахшон мекунад.
Рахнамун созад ба рохи мустаким,
Рохи покон, рохи мардони салим.
То ки рох аз чох гардад ошкор,
Нуктахо гуяд ба мо Парвардигор.
Медихад аз саъю кушиш ин нидо,
Лайса лил-инсони