Шеъри ҳаҷвӣ (барои раҳойи аз ғаму кулфати рӯзгор).
Ман-маниҳом гӯр шавад,
Бехудиҳом шӯр шавад.
Хӯрам агар талоғу,
Иллоҳо гардад оғу.
Ҷангу ҷидол сар кунам,
Гӯши фалак кар кунам.
Як бегоҳи бо Миша,
Нӯшидам якто шиша.
Намудам кори олӣ,
Бо шишаҷони холӣ.
Бар фарқи торӣ Миша,
Бе ёд задам як шиша.
Мани наҳси касофат,
Гарданшахи фалокат.
Бо тақдири пешонӣ,
Кардам қаҳрамонӣ.
Дида омад милиса,
Гуфто:"Чӣ хел кисса "
Ҳуш аз сарам парид,
Ду даста дастам қапид.
Пеш-пеш намуд дастбаста,
Беҳол шудам дилхаста.
Милисахона даровард,
Кайф аз бинӣ баровард.
Ҳолам табоҳу зард шуд,
Ҷисму ҷонам ба дард шуд.
Ман-маниҳом гӯр шавад,
Бехудиҳом шӯр шавад.
Тақдират дар гӯр гӯед,
Заҳр нахӯрда мур гӯед.
18-06-2020
Ша