Рӯзе ба раҳе маро гузар буд,
Хобида ба роҳ як пир-хар буд.
Гуфтам, ки ту эй хар дар чи ҳолӣ,
Гуфто, ки бувад вазъият олӣ.
Гуфтам, ки хари як нигоҳ кун,
Одам шаву рав кайфу сафо кун.
Гуфто, ки биё дигар нидо кун,
Аз одам шудан маро раҳо кун.
Диди ту харе, ки тан фурӯшад,
Ё баҳри фиреби халқ кӯшад.
Диди ту харе, ки тан ришва хӯраст,
Ё бар хари дигаре савор аст.
Диди ту харе, ки май бинӯшад,
Аз баҳри чизе рафиқ би кушад.
Дуздии харе магар бидиди,
Аз забони хар ғайбат шуниди.
Гуфто,ки бирав кор хом аст,
Инҷо суханам бо ту тамом аст.
Дидам суханаш ҳама дуруст аст,
Аз ҳарфи хато яке нагуфтаст.
Биншастаму орзу намудам,
Бо холиқи хеш рӯ намудам.
Эй кош равияти харият,
Ҷори бишавад ба одамият