Ҳамди беҳад мар Худои покро. Он ҷон бахшид мушти хокро . Он ки дар одам дамид У руҳро. Дод аз туфон наҷот У Нуҳро. Он ки фармон кард қаҳраш бодро. То сазое қавми одро. Он ки лутфи хешро изҳор кард. Бар Халилаш норо гулзор кард. Он Худовандеки ҳангоми саҳар. Кар кавми лутро зеру забар. Суйи У хасмеки тир андохти. Пашае кораш кифоят сохтӣ. Он ки аъдоро ба дарё даркашид. Ноқаро аз санги хоро баркашид. Чун иноят Қодири Қаюм кард. Бар кафи Довуд оҳан мум кард. Бо Сулаймон дод мулки сарвари. Шуд мутеи хотамаш деву пари. Он яке пушида санчобу самур. Вон дигар хуфта бараҳна дар танур. Он яке бар бистаре кимхобу нах. Дигаре бар хоку хоре баста ях. Турфатулайне ҷаҳон бар ҳа