Марде ба ҳамсараш рафтори бад мекард. Доимо қалбашро мешиканад. Рӯзе ба ҳамсараш мегӯяд, ки дарҳол дастархон омода кунад. Зан дастархон омода мекунад. Хӯрокро назди шавҳараш мемонад. Мард ба хӯрок хӯрдан оғоз мекунад. Хӯрок бенамак омадааст. Пас, аз чанд луқма, аз ҳамсараш намак мепурсад. Ҳамсар ба мард мегӯяд: - Ту хӯрдан гир, ман намакро меорам. Мард пас аз ҳар луқмае садо мебарорад, ки; - Намак куҷо шуд? Зан ҳам садо мекард, ки; - Ҳозир меорам. Мард бо ҳамин хӯрда сер мешавад. Мард ба фикр медарояд, ки қалби ҳамсарашро боз шикастааст ва ҳамсарашро наздаш мехонаду узр мепурсад. Зан баъди чанд лаҳза намакро ба мардаш дароз карда мегӯяд: - Марҳамат. Мард мегӯяд: - Пас, аз тамом кардани хӯрок