МАРО ДАР ИН ДУНЁ ТАНҲО АШКИ ЧАШМОНИ МОДАРАМ МЕДОРАД...
Замоне кӯдак будам, ба ҳама чиз бовар доштам ва орзуву ормонҳои некӣ хеле зиёд доштам. Аз ягон чиз наметарсидам, чун падаре мисли ҷавшан доштам. Барои амалишавии орзуҳо ҳамеша мубориза мебурдам. Оҳиста - оҳиста бузург мешудам...Нигоҳам низ ба ин дунё тағйир меёфт.
Одамон ҳамеша "гап" доранд. Хоҳ муваффақ шавед, хоҳ муфлис, ҳатман ягон сухане мезананд. Ман бошам ба танқид аҳамият намедиҳам, чунки 90 фисади онҳо ба рӯям гуфта наметавонанд ё онҳо худ дар ягон соҳае муваффақ нашудаанд, агар муваффақ бошанд, ба ман аҳамияте намедиҳанд ё вақте надоранд.
Инсон оҳиста ба воя мерасад, бузург мешавад , агар босабр меҳнат кунад, ҳатман ба