**Беҳтарин Банда Назди Худованд Кист.** Ҳатман Бихон Азизи дилам! қисса аз зиндагонии ҳазрати Мусо (а)". Рӯзе ҳазрати Мӯсо (а) рӯй ба боргоҳи малакутии Худованд кард ва аз даргоҳаш дархост намуд: Бор Илоҳо! Мехоҳам, бадтарин бандаатро бибинам. Нидо омад: субҳи содиқ зуд ба вуруди шаҳр бирав, аввалин касе ки аз шаҳр хориҷ шуд, ӯ бадтарин бандаи ман аст. Ҳазрати Мӯсо (а) субҳи рӯзи дигар ба дари вуруди шаҳр рафт, падаре бо фарзандаш аввалин касоне буданд, ки аз шаҳр хориҷ шуданд. Пас аз бозгашт, рӯй ба даргоҳи Худованд кард ва зимни тақдими сипос аз иҷобати хостааш, арза дошт: Бор Илоҳо! Ҳол мехоҳам, беҳтарин бандаатро бибинам. Нидо омад: охири шаб ба дари вуруди шаҳр бирав, охирин нафаре, ки