Иди Қурбон омаду дар Макка Ҳаҷи Акбар аст. Дустонро табрик намудан суннати пайғамбар аст. Шумо ва аҳли пайвандонатонро бо фарорасии Иди Саиди Қурбон (Азҳо) самимона табрику муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованди якто мағфирати гуноҳон, ҳидоят ва устуворӣ дар дин, саодатмандии дунё ва охиратро таманно менамоям. Бигзор Худованди бузург аз баракоти ин лаҳзаҳои муборак ҳамаи моро бархурдор бигардонад. Худо он миллатеро ёр бодо, Ки ҳифзи дину оин кор бодо. Муборак иди Қурбон бар касе бод, Ки соҳибмазҳабу диндор бодо! Ҳамкорони арҷманд! Дар ин рӯзи фархунда аз даргоҳи Худованди мутаъол бароятон хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фарохдастӣ , беҳтарин хушиҳои рӯзгорро орзу намуда, дар фаъолияти