Ишки ман, хар чо равй, бо хеш пиндорам туро, Бо хама ин дасткутохй ба даст орам туро. Кокулони майдабофатро шумурдам бо нигох, Баъд аз он рузи сиёхи хеш бишморам туро. Гарчи бемехрй, туро бо мехрубонй мекушам, Гарчи ноёри манй, ёру нигахдорам туро. Шухй-шухй дастаконатро ба руйи дил нихам, Бозй-бозй дил ба руйи даст биспорам туро. Гар ба гардун баршавй, боз орамат руйи Замин, Гар равй зери Замин, ором нагзорам туро, Мефишорад то диламро андухи анбехи ту, Окибат андар канори худ бияфшорам туро.