Предыдущая публикация
>>Бо рӯзахӯрон қуввати гуфтор надорам.
>>Хоҳам, ки ба як моҳ ҳама гушна нишинам,
>>Аз гушнагиям шикваю озор надорам.
>>Зеро, ки гуноҳони ман аз мӯӣ фузун шуд,
>>Бо сад гунаҳам оқибати кор надорам.
>>Шайтоннафасӣ, сӯи ман асло манигар ту,
>>Ман майл ба шайтону гунаҳкор надорам.
>>Аз чор ҷиҳат нафси аммора ҳама қуфл аст,
>>То Ид ҷуз аз тавба дигар кор надорам.
>>Ман рӯзааму майл ба ифтор надорам,
>>Бас, бас ки дигар фурсати такрор надорам...

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 7
Алвидоъ, эй моҳи раҳмат, шаҳри ғуфрон, алвидоъ,
Мекунӣ азми сафар, моро парешон, алвидоъ,
Афв кун нуқсони мо, эй хуб меҳмон, алвидоъ,
Боиси савму салоту хатми Қуръон, алвидоъ,
Алвидоъ, эй раҳмати Ҳақ, моҳи тобон, алвидоъ!
Чанд рӯзе буда бар хони ту ҳоҷатманд мо,
Бо салоту хатми Қуръон ҷумлагӣ хурсанд мо,
Ихтиёри нафсро дидем андар банд мо,
Ту падар будӣ ба маънӣ, баҳри ту фарзанд мо,
Мо кунун мондем ҳамчун тифл гирён, алвидоъ!
Рӯзу шаб аз ҳурмати номат дуо гардад қабул,
Ҳамди лиллаҳ, ту ба мо мероси хоси он расул,
Шод будем аз ҳузурат, рафтиву кардӣ малӯл,
Гар падар озим шавад, ашки писар гардад нузул,
Тезтар бозову моро шод гардон, алвидоъ!
То намози шом гӯяд бо малак рабби ғафур:
Як назар бинед назди бандагон оби туҳур,
Бандагон аз тарси мо лаб баста аз ширину шӯр,
Бар таому обашон резед акнун пок нур,
Афв кардам ҷурму исёнҳои эшон, алвидоъ!
Аз тамоми моҳҳо қурби ту мебошад азим,
Ҳар кӣ эъзозат кунад, дар ҳашр ӯ бе хавфу бим,
Бар машоми ...ЕщёАЛВИДОЪ, ЭЙ МОҲИ РАҲМАТ

Бар машоми рӯзадорон ояд аз ҷаннат шамим,
Рӯзи маҳшар соҳиби ифтор озоди ҷаҳим,
Нест моҳе мисли ту пурхайру эҳсон, алвидоъ!
Ғарқи нур аз эҳтиромат гашт ҷисму ҷони мо,
Хатми Қуръон низ равшан мекунад имони мо,
Хастаему чанд рӯз аз ту расад дармони мо,
Алвидоъ, эй раҳмати Ҳақ, бешумар нуқсони мо,
Чун Худо айбам бипурсад, дор пинҳон, алвидоъ!
Хӯ гирифтам, рафтиву мондӣ маро ошуфтаҳол,
Гарчӣ бад ҳастам, ту хубам гӯй бар воҷиб таол,
Эътимоде нест бар умрам, ки бинам боз сол,
Ҳурматат бошад ба мо айни ризои Зулҷалол,
Эй маҳи фархундаву нури шабистон, алвидоъ!
Ҳар кӣ бо номи ту беҳад кард эҳсону савоб,
Ҳар кӣ эъзозат намояд, аҷр ёбад беҳисоб,
Хуш бимон, то омади ту ҳаст аҳволат хароб,
Хатм кардам арзи худ, валлоҳу аълам биссавоб,
Бош аз Машраб ризо, эй хуб меҳмон, алвидоъ!
Шоҳ Машраби Намангонӣ Аз туркӣ тарҷумаи Искандари Раҳмон
https://files.icq.net/get/0bCbCvYSClawfQXFJgP0YQ5b1ccdc61ah
Хар касе дарде надорад "мард" нест.
Лек мегуям, ки фасли сухтан,
Обро хам метавон омухтан.
"Хандахоро" метавон таксим кард,
"Гиряхоро " метавон тармим кард.
Гар хатар меборад аз ин фасли сард,
Дустиро бояд аввал "бима" кард.
"Ишк" бо лабханди мардум зинда аст,
Зиндаги хам бо "табассум" зинда аст.