Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо,модари пирам, Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният, Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон, Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният, Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман! Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро, Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ, Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ, Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ, Чи дунёест дунёи умеди ту, Аё модар, аё модар! Ниҳону пардагӣ бигзашт даврони ҷавоният, Ҳаётат дар гуселу пешвози зиндагӣ тай шуд. Бикун бо гӯшаи қарси сафедат пок ашкатро, Ба дунё одамӣ як бор меояд ба пойи худ… Ба оҳи тобнокат аз куҷо акси садо ҷӯйӣ, Аё модар, аё модар! Бурун аз деҳа норафта,