ҲИКМАТҲОИ ЗАРДУШТ
Аз Зардушт пурсиданд:
Чи тавр тавонистӣ ЗИНДАГИРО бар ПОКӢ бино кунӣ? Чаро ин қадар оромӣ?
Гуфт: Баъд аз солҳо мутолиа ва таҷриба, зиндагии худро бар 5 асл бино кардам:
1) Донистам, ки РИЗҚИ маро дигаре намехӯрад, пас ором шудам;
2) Донистам, ки ХУДО маро мебинад, пас ҳаё кардам;
3) Донистам, ки дигаре КОРИ маро анҷом намедиҳад, пас талош кардам;
4) Донистам, ки поёни корам МАРГ аст, пас муҳайё шудам;
5) Донистам, ки НЕКӢ ва БАДӢ гум намешвад ва саранҷом ба суйи ман бармегардад, пас бар хубӣ афзудам ва аз бадӣ кам кардам.
Ва хар рӯз ин 5 АСЛРО ба худ ёдоварӣ мекунам.