Эй азизон нола дорам ман падар гум кардаам,
Куввати зуру тану нури басар гумкардаам.
Буд офтоби сахар болои бомам нурпош,
Офтоби зиндаги болои сар гумкардаам.
Пуштибону муттако буд у ба хар корам Худо,
Тинчиву осудаги ман бехабар гумкардаам.
Хар кучо азми сафар кардам нагаштам зуд ман,
Бе дуои хайри у рохи сафар гумкардаам.
Чун падар буд дар сарам хешон хама гуфтанд бие,
Кафши худро баъди у дар пеши дар гумкардаам.
Бо падар будам маро болои боло чой буд,
Баъди маргаш пеши по,
болгузар гумкардаам.
Давлати ман, шухрати ман, он падарчонам кучост,
Дар сари ин бесарам ман точи сар гумкардаам.