Қомати наврастаатро бенамози хам кунад,
Ризқи Аллоҳ додаатро бенамози кам кунад.
Ин ҳама сармояи умри ту бошад эй азиз,
Умри ҳафтод-солаатро бенамози кам кунад.
Ту машав ғофил зи ин ганчинаи ноёфтани,
Ки Намозу Руза ҳар як бандаро одам кунад.
Бо ҳазар бош аз азобу қисмату тақдири хеш,
К-ин нишони бенамози бандаро сархам кунад.
Бош қоим вахти фарзаш то шави бе дарду ғам,
Бе намози бе Худои бандаро пурғам кунад.
Пас Ҳамадони адо кард як ғазал аз панди Ҳақ,
Кош хони ин маъно ки туро одам кунад!