Писаре аз модараш пурсид: Модар, чаро гиря мекунӣ? Гуфт: Зеро ман як зан ҳастам. Писар гуфт: Ман инро намефаҳмам. Модар ӯро ба оғӯш кашида гуфт: Ҳаргиз нахоҳӣ фаҳмид... Пас писар аз падар пурсид, ки чаро модарам бе сабаб гиря мекунад. Падар гуфт, ки ҳамаи занон бе сабаб гиря мекунанд.. Писарак ба воя расид ва то ҳол намедонист, ки чаро занон гиря мекунанд. Инак рӯзе бо соддагӣ аз ҳакиме пурсид: Чаро занон гиря мекунанд? Хирадманд посух дод: Вақте, ки зан офарида шуд, Аллоҳ барояш китфони пурқувват дод, то ки вазниниҳои оламро бардорад. Ва дасту бозуи нарм дод, то ки ба мо роҳат бахшад. Барояш қувваи дохилие, дод барои бардошти таваллуди кӯдак ва барои бардошт кардани он лаҳзае, ки ӯро тарк м