Омадӣ ? Ҷонам ба қурбонат, вале ҳоло чаро?! Бевафо, ҳоло ки ман афтодаам аз по чаро ?! Нӯшдоруиву баъди марги Сӯҳроб омадӣ, Сангдил, ин зудтар мехостӣ, ҳоло чаро ?! Умри моро мӯҳлати имрӯзу фардои ту нест, Ман, ки як имрӯз меҳмони туям, фардо чаро ?! Нозанино, мо ба нози ту ҷавонӣ додаем, Дигар акнун бо ҷавонон ноз кун, бо мо чаро ?! Шӯри Фарҳодаим ба пурсиш сар ба зер афканда буд, Эй лаби Ширин ҷавоби талхи сарболо чаро ?! Эй шаби ҳиҷрон, ки як дам дар ту чашми ман нахуфт, Ин қадар бо бахти хоболуди ман лоло чаро?! Осмон чун ҷамъи муштоқон парешон мекунад, Дар шигифтам ман намепошад зи ҳам дунё чаро?! Дар хазони ҳаҷри гул, эй булбули табъи ҳазин, Хомушӣ шарти вафодорӣ бувад ғавғо чаро?! Шаҳ