Ман бар рӯи ту зору аз ин зиндагӣ безор,
Ман ёри тӯям ёр, ту ёри дигаронӣ?!
Ман мунтазирам аз ту пайёму хати бисёр,
Ту баҳри дигар аз ҳавасат мужда расонӣ.
Як умр нишаста ба дари бахти шикаста,
Бикшода нашуд мушкилу он уқдаи баста.
Гумному сияҳрӯз дар ин кураи асрор,
Оҳ, сарф шуда зиндагӣ бо ғуссакашонӣ.
Армону ҳавасҳои маро даҳр фано кард,
Бар коми ман ин қисмати бад заҳр ато кард.
Эй талхтарин сонияву соати рӯзгор,
Дар дафтари ғамҳои дилам хотира монӣ!
Бо ҷумлаи армону ҳавасҳои ҳавоӣ,
Ман зор нишастам ба фурудгоҳи ҷудоӣ.
Чархболи дуову талаби ин дили афгор,
Парвоз накард дар нафаси субҳи ҷавонӣ.