СУРУДИ ПАНҶАКЕНТ
Шаҳри ори ориёнӣ, Панҷакент!
Хоки поки суғдиёнӣ, Панҷакент!
Остонат остони ростон,
Достонат яштҳои бостон.
Ҳикмати сад аср дар хоки Саразм,
Синаи вақт аст ин чоки Саразм.
Дар барат рамзи вафои ҷовидон,
Истода то абад Испитамон.
Эй хушо, Деваштичи хуррамнажод,
Сар ба душман доду меҳанро надод.
Рўдакӣ бикшод рўй аз рўйи ту,
Рўйи шеъри порсӣ шуд рўйи ту.
Дар дилат ободии вайронаҳо,
Дар фарат фарҳодии фарзонаҳо.
Хоки аз атри сухан гулбези ман,
Мулки раҳматбору шоирхези ман.
Ёди ёри меҳрубонат зинда бод!
Нусрати ҳар хонадонат зинда бод!
Кўҳҳоят зарниҳоду зарнигор,
Рўдҳоят заргувору зарнисор.
Мулки заркорону хоки заргарӣ,
Зар туро мерезад аз лафзи дарӣ.
Модаронат д