Боз шаб фаро расид. Чун шаб фаро мерасад, яке паи эчоду хаёл меравад, яки дигар пахлуи ёри худ, то ки ташнагии дидор бишканад, нафаре бошад, тифли дуструяки худро бо аллахои модаронаву навозишхои ширин ба хоб рафтан омода месозад. Дигаре бошад, танхо нишаставу ёде меорад аз рузи паси сарнамудааш, агарчи руз бобарор буд, чи хубест. Агарчи на, паи андешахои гуногун меравад. Чи рузи баде буд барои ман ва бо хамин ормонхои бишкаставу дилхои боз хам гамгин сар ба бистари хоб ниходам. Эй ишк... Шабро дуст медорам, чунки ба хотири ту сар ба болин мегузораму ёди туро мекунам. Орзу мекунам, ки дидори ту дар хобам муяссар шаваду туро дар хоб бубинам. Оромии шаб мехохам бо тамоми овозам фарёд занаму но