☆Ошу нонат чун адо шуд, ошноят меравад,☆
☆Аз наво чун бозмондӣ, ҳамнавоят меравад.☆
☆Шоҳиди ранги муҳаббат ҳар нафас аз боғи дил☆
☆Гул наёрӣ, дилбари гулгунқабоят меравад.☆
☆Меравӣ аз даст, чун дастат бимонад аз амал,☆
☆Поят аз раҳ бозмонад, радди поят меравад.☆
☆Доварии халк мизоне надорад якмиҷоз,☆
☆Як бадӣ кардӣ, тамоми некиҳоят меравад.☆
☆Пешсаф боши, хазорон сафдар анбози туянд,☆
☆Чун зи саф берун бияфтодӣ, сафоят меравад.☆
☆Дори дунё мехурад дорунадоратро ҳама,☆
☆Оҳу афсусу надомат аз қафоят меравад.☆
☆Гар гадои шоҳтабъӣ, шоҳ ояд назди ту,☆
☆Шоҳи мумсиктинатӣ, аз дар гадоят меравад.☆
☆То худои хеш бошӣ, пуштбони ту Худост,☆
☆Чун зи худ рафтӣ, зи сар лутфи Худоят меравад.