(МОҲИ РАМАЗОН ОМАД) Нуре ба ҷаҳон омад , Бар дидаву ҷон омад . Бар пиру ҷавон омад , Чун шодирасон омад, Моҳи Рамазон омад . Бо марҳамати Раҳмон, Бо ғул-ғулаи Қуръон . Бар мардуми боимон, Аз ғайб нишон омад , Моҳи Рамазон омад . Бӯи хуше аз Аҳмад , Аз Кавсару аз Ҷаннат. Ҷоне ба дили Уммат, Чун руҳи равон омад, Моҳи Рамазон омад. Навмед бишуд шайтон, Занҷирбасару печон . Побаставу дар зиндон, Токи ба фиғон омад , Моҳи Рамазон омад. Шуд банд дари исён, Бо раҳмати ҲақСубҳон. Моҳи нузули Қуръон, Бингар,ки чӣ сон омад , Моҳи Рамазон омад. Моҳи талаби ҳоҷат, Аз Қодири боқудрат , Як моҳи пур аз ҳикмат Дарёб,ки равон омад , Моҳи Рамазон омад.