Ин қадар аз худ марав, дунёи фонӣ бигзарад, Аз ҷавоният маноз, ки худ ҷавонӣ бигзарад. То тавони кори хайр кун, даст бикшо кун дуо, Зиндагонӣ бигзарад, лек некномӣ нагзарад. Дасти пиронро бигиру бар ятимон хайр хоҳ. Гар бадӣ дидӣ зи кас ту бад макунаш ҳеҷ гоҳ. Мову ту меҳмон ҳастем,ҳар нафасро қадр кун, Ҳар нафасро баҳри дилёбӣ азизон сарф кун.