Зи боғу ҳар дарахти хонаам буи падар ояд,
Садои форами модар ба гушам ҳар саҳар ояд.
Падар дар боғ «меҷунбад» ва модар хона мерӯбад,
Маро ин манзара ҳар лаҳза дар пеши назар ояд.
Падар устураи ҳаммат ва модар рамзи хубиҳо,
Ба умедам, ки ин толеъ ба ман бори дигар ояд.
Падар камҳарфу сокит буду ман инро надонистам,
Ки аз мавҷи нигоҳи камсухан ғам бештар ояд.
Ва инро хам надонистам дар он шабхои бехоби,
Ки модарро зи дарди сар чунин оҳ аз ҷигар ояд.
Хазон омад суроғи ман, чу ҳарду аз барам рафтанд,
Баҳорамро кунун бингар, ки лола хунҷигар ояд.
…Хаёлам ҳарду руи кат нишаста чашм дар роҳанд,
Ки як фарзанди маҳҷуре чу Лола аз сафар ояд.