Дидӣ эй дил, оқибат захмат заданд, Гуфта будам, мардумон инҷо баданд. Дидӣ эй дил, соқии ҷонат шикаст, Он азизат аҳду паймонат шикаст. Дидӣ эй дил, дар ҷаҳон як ёр нест, Ҳеҷ кас дар зиндагӣ ғамхор нест. Оҳ дидӣ, содагӣ ҷон додааст, Ҷои худро гил ба симон додааст. Дидӣ охир ҳарфи ман бе ҷо набуд, Аз барои ишқ инҷо ҷо набуд. Навбаҳори умро дидӣ чӣ шуд? Зиндагиро ҳеҷ фахмидӣ чӣ шуд? Дидӣ эй дил, дустиҳо бебаҳост Камтарин чизе, ки меёби вафост. Дидӣ ин гулҳо ҳама пажмурдаанд, Рангҳо дар дуду сармо мурдаанд. Оре, эй дил, зинда будан сода нест, Байни одамҳо яке дилдода нест. Бояд инҷо аз худ эй дил, гум шавӣ, Оқибат ҳамранги ин мардум шавӣ!