Дунёст хубу дунё лекин бақо надорад, Дорад чу бевафоӣ як ошно надорад. Ҳар чиз дар шикастан фарёд мебарорад, Аммо шикасти дилҳо ҳаргиз садо надорад. Ин ҳарфро ба такрор аз ҳар касе шунидам, Золим ба руи дунё тарс аз Худо надорад. Бо раҳраве бигуфтам, ин роҳ кадом роҳ аст, Гуфто, ки роҳи ишқ аст ҳеҷ интиҳо надорад. Назди табиб рафтам хандида инчунин гуфт, Дарди ту дарди ишқ аст ҳаргиз даво надорад. Дар сафҳаи китобе дидам навишта ин буд, Сад бор агар бимирад ошиқ фано надорад.