Наход як ошиќи зору худонодода ман бошам, Наход ман булбули овораи богу чаман бошам. Наход ту Лайлии номехрубон боши барои ман, Наход ман Мачнуни лабташнаи дашту даман бошам. Надонам дар гариби бигзарад то кай чавониям, Наход умре дур аз хоку дур аз оби Ватан бошам. Ту гуфти, ки суханхоят диламро пора месозад, Наход, эй мехрубонам, он ќадар ман дилшикан бошам. Шукуфон мешавад чун гул бахти ман агар ёрон, Хамеша дар канори он нигори гулбадан бошам. Агар пурсед аз ман, ту магар ошики дар дунё, Бигeям Човидона ошиќи шеъру сухан бошам....****♥