Тири ишкаш дар дили мо кора кард, Сухт моро, бандаву бечора кард. Гуфтамаш аз шеваи чону чахон, Бандаи бечораро овора кард. Калби покам суй кайхон мекашад, Ишк омад, то диламро пора кард. Осмони хотирам ахтар гирифт, Ишкро то шухраи сайëра кард. Сабз мехохам нихоли умрро, Бахт моро аз фалак наззора кард. Шодии дил нест бори интихо, Сузи ишк омад, ба дилхо кора кард. Нур меборад ба бому бар дарам, Шеваи ишк аст, дилро кора кард. Эй Аминчон ,ру ба ишк овардаи, Ишк кори бахтро якбора кард.