Кирм дар чормағз шикофе мувофиқи ҷисми худ мекушояд ва дохили он хазида, ҳар чӣ ҳаст, мехӯрад. То мағз тамом шудан кирм фарбеҳу калонтар мегардад ва азбаски ғизое дигар барои тановулаш нест, берун шудан мехоҳад. Аммо чӯби чормағз хушкидаву сӯрохии танггаштаро васеътару мувофиқ кардан душвор мегардад. Кирм маҷбур мешавад, ки дар дохил гуруснагӣ кашад ва бо гузашти фурсате заъифу лоғар ҳам мешавад. Чун ба беруни чормағз баромад, аллакай мавсим гузаштаву табиат аҳволе дигар дорад. Ба қафо нигарад, чормағзи пучи бесамаре монда.
Ҳаёти хеле аз одамон низ чунин аст. Ба молу ҷоҳи дунё дода мешавад ва ба канораш фурӯ мераванд. Он қадар аз худ мекунанд, ки ҷисмашон ҳам, афкорашон ҳам, мақсадашон ҳам