Рӯзу шаб ёди Ту дорам, эй Худованди Карим!
Чун Туи ҳар лаҳза ёрам, эй Худованди Карим!
Ҳар куҷо ман ба Бисмилоҳир Раҳмонир Раҳим,
Дар забон номи Ту орам, эй Худованди Карим!
Пой дар роҳи Туам бо азми он рӯзи висол,
Раҳнамои рӯзгорам, эй Худованди Карим!
Ишқи Ту андар ҳарими синаи ман машъалест,
Нур гирад аз Ту корам, эй Худованди Карим!
Рӯй ба сӯйи қибла орам аз ҳама рӯйи ҷаҳон,
То намозамро гузорам, эй Худованди Карим!
Ман надӯзам чашм ба даргоҳи кас, эй Исмати,
Аз худат уммедворам, эй Худованди Карим!