МУНОҶОТ
Ё Раб, ту моро з-ин ҷаҳон бо гавҳари имон барӣ,
Бар суи гулзори ҷинон бо гавҳари имон барӣ.
Тоат наборам, эй Аҳад, дармондаам дар кори бад,
Гар аз ту алтофе расид, бо гавҳари имон барӣ.
Нуре надорад манзилам, ёди ту мехоҳад дилам,
Афсурдаву но дар гилам, бо гавҳари имон барӣ.
Он дам, ки назъи ҷон шавад, дар қасди мо Шайтон шавад,
Пирузӣ аз Раҳмон шавад, бо гавҳари имон барӣ.
Ман толиби дидори ту, афтодаву бемори ту.
Бар ҷаннату анҳори ту, бо гавҳари имон барӣ.
Ё Раб, ба ҳаққи Мустафо, в-он офтоби «Ва-зухо»,
Деҳ синаи моро сафо, бо гавҳари имон барӣ.
Бар ҳаққи ёрони Расул, он соҳиби роҳи вусул,
Созӣ дуои ман қабул, бо гавҳари имои барӣ.
Ё Раб, каромат фош кун, раҳме ту бар Наққош