Диле дорам, ки навкар мешавам ман, Асири пои модар мешавам ман. Агар модар ба фарзанди нагирад, Дар ин олам каландар мешавам ман. Бихиште доштам э дил даме дар домани модар, Фурузон гаштаам э дил зи чашми равшани модар. Оча очае ба руят зорам очае, Дар мулки гарибихо чи хорум очае, Сад сол гузара ба кадри мехрат нарасам, Бархезу бубин, ки бар чи холум очае. Очам ба дара, руймоли очам ба дара, Эй вой, ки худо ба пеши очам бибара, Як лахзае сар ба руи зонуш монум, Дилум бигира карор, хобум бибара. Э ачаи чон шири халолата бубахш, Шабхои нахобидаи бедорта бубахш, Ман дар гами ишк зи холат мондам бехабар, Фарзанди ба дарди ишк беморта бубахш.